ВАЗЪИ МУОСИРИ ТАШКИЛИ БАҲИСОБГИРИИ ИДОРАКУНӢ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНӢ
Рақамикунонӣ марҳилаи нави рушди ҷомеаи башарӣ буда, имрӯз ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон ворид шудааст ва иқтисодиёт низ ҳамчун яке аз рукнҳои муносибатҳои башарӣ аз ин раванд дар канор намондааст. Компютерҳо ҳамчун воситаҳои ҳисоббарорӣ, инчунин дигар воситаҳои техникии иртиботӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти инсон паҳн гардидаанд, ки ҳолати муосир ва пешравии ҷомеаи башариро бе онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Онҳо ба инсон дар ҳалли масъалаҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ кӯмак расонида, ҳаёти онро ғанӣ гардондаанд. Рақамикунонӣ ба ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ , аз ҷумла баҳисобгирии идоракунӣ дар субъектҳои хоҷагидорӣ таъсир расонид. Дар мақола масъалаҳои ташкили баҳисобгирии идоракунӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт баррасӣ мешаванд. Вазъи пешбурди баҳисобгирии идоракунии рақамӣ дар корхонаҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил ва арзёбӣ карда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 2 (41)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет