СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ТАШАККУЛИ АНДЕШАИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ
Дар мақолаи мазкур муаллиф сарчашмаи асосии ба таърих рӯ овардани Сотим Улуғзодаро ба тасвир кашида, зикр мекунад, ки унсури муҳими андешаи истиқлоли миллӣ дар қиссаи “Ривояти суғдӣ”, романҳои “Восеъ” ва “Фирдавсӣ” хеле хуб нишон дода шудааст. Ба андешаи муаллиф, сарнавишти таърихии халқи тоҷик нависандаро ба ин натиҷа овардааст, ки пешрафти ҷомеаи миллӣ, илму фарҳанг ва саодатмандии инсон танҳо дар давлати миллии мустақил имконпазир аст. Дар андешаи нависанда омили шаклгирии истиқлол ва ҳифзи он фақат ба муносибати беруна вобаста набуда, балки дохилӣ низ мебошад. Намунаи он дар тасвири нависанда таҳоҷуми араб ва созишу мухолифати дохилӣ ба ин ҳодиса аст. Дар қиссаи “Ривояти суғдӣ”, романҳои “Восеъ”-у “Фирдавсӣ” ва драмаҳои “Рӯдакӣ”-ву “Темурмалик”, “Аҳмади Дониш ва дигарон” ифтихороти миллӣ ҳамчун унсури таъсиргузори ташаккули андешаи истиқлоли миллии нависанда дар назар меояд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4 (117)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни