СОЛҲОИ ҶАВОНӢ ВА ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИЮ СИЁСИИ АКАДЕМИК ТАЛБАК НАЗАРОВ
Дар мақолаи мазкур солҳои ҷавонӣ ва оғози фаъолияти илмию сиёсии академик Талбак Назаров мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллиф қайд кардааст, ки ҳаёт ва фаъолияти устод Талбак Назаров хеле гуногунҷабҳа мебошад. Аз як тараф ӯ ҳамчун дипломат, ходими сиёсӣ ва аз тарафи дигар омӯзгори нотакрор, олими ислоҳотгар ва шахсияти беҳамто мебошад. Ҳамзамон, муаллиф иброз намудааст, ки як хислати ибратпазири дигари ин пири хирад барои ҳама давлатмардон ва махсусан онҳое, ки бо илму маърифат андармонанд, ҳамин аст, ки устод Талбак Назаров ҳеҷ гоҳ барои хидматҳояшро намоиш додан кӯшиш накардааст. Ҳол он ки устод ҳанӯз дар даврони ҷавонияш унвони доктори илмро соҳиб гашта буд ва китобу мақолаҳои навиштааш на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам маълуму машҳур гардида буданд. Хулоса, Талбак Назаров ҳанӯз аз даврони ҷавонияш кӯшиш мекард, ки ҳам кори таълиму тарбия, ҳам тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва ҳам инкишофи илм ҳамеша дар мадди назараш бошад. Ҳамзамон, дар баробари фаъолияти педагогиву илмӣ устод Назаров ба тарбияи олимони соҳаи иқтисод таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекард, аз ин рӯ, дар зери роҳбарӣ ва мушовирии ӯ аспирантҳову докторантҳои зиёде рисолаҳои худро дифоъ карданд
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1 (114)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни