СОИНУДДИНИ ХУҶАНДӢ ВА РИСОЛАИ “ БАЗМ ВА РАЗМ”-И Ӯ
Жанри мунозира баҳс ва ё муҷодала байни ҳарифон мебошад, ки пайдоиши он ба давраи қабл аз ислом мерасад. Яке аз рисолаҳои муҳимтарини рамзии дар жанри мунозира байни базм ва разм таълифкардаи намояндаи маъруфи силсилаи Оли Хуҷанд дар Исфаҳон Соинуддин Алӣ ибн Муҳаммади Хуҷандии Исфаҳонӣ (1369-1433), ки бештар бо номи Ибни Турка шуҳрат дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар рисолаи қалилулҳаҷм тарафҳои мунозиракунанда кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки муқаррибтару болотар будани худро дар даргоҳи шоҳ собит созанд. Зикр шудааст, ки базму разм рамзҳои завқу ақл мебошад. Яке аз бунёдгузорони анъанаи мунозираи мансур орифи маъруфи асри XI Ансории Ҳиравӣ ба шумор меравад. Ба мақсади собит сохтани бартарию ҳаққонияти худ тарафҳои мунозира аз оёти қуръонӣ, аҳодиси набавӣ, абёти форсию тоҷикӣ истишҳод меҷӯянд. Таъкид гардидааст, ки дар асри XV таълифи мунозира инкишофи махсус ёфтааст, ки асарҳои “Гӯй ва чавгон”-и Орифӣ, “Шамъу парвона”-и Руҳии Ёзарӣ, “Ақлу ишқ”-и Назлободӣ шоҳиди ин иддаоянд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 99, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП