СОИБИ ТАБРЕЗӢ ВА МАЪНОҲОИ МАҶҲУЛИ ЯК ФЕЪЛИ МАЪМУЛ
Вижагиҳои маъноиву корбурди феъли шунидан дар ашъори яке аз бузургтарин намояндагони сабки ҳиндӣ Соиби Табрезӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаас.Бо мақсади маҳсули тафаккури худи шоири номбурда будану набудани иддае аз маъноҳои он забони ашъори ӯ бо осори пешиниёну баъдинаҳои ин адиб қиёс карда шудааст.Аз таҳлилу қиёси ин масъала муаллиф ба бардоште расидааст, ки дар осори ниёгон шунидан ба панҷ маъно ба кор рафтааст, вале баъдан бархе аз маъноҳои феъли тазаккурёфта ба ҳукми фаромӯшӣ рафтааст. Ин аст, ки корбурди унсури луғавии мазкур ба иддае аз чунин маъноҳо аз ҷониби адибони муосир ба пиндори баъзе пажуҳишгарон ҳамчун иштибоҳи эшон ҳисобида шудааст.Дар заминаи маводи гирдоварда нишон дода шудааст, ки шунидан дар осори асримиёнагӣ афзун ба маънои «дарк кардани овоз бо узви шунавоӣ» инчунин дар баёни маъноҳои дигар, амсоли «бӯйидан», «итоат кардан», «ҳуҷум кардан» ва м. инҳо дар гардиш қарор дошт.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · Т. 90, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП