Central AsianResearch Index

СОХТОРШИКАНИИ ЗУҲУРИИ ТУРШЕЗӢ ДАР ТАЛМЕҲ

Талмеҳсозии Зуҳури дар газал мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, ки бо роҳи корбурд ва омезиши ду шигарди адаби : ошноизудои ва сохторшикани сурат гирифтааст, мавриди таҳқиқ қарор ёфтааст. Таъкид мегардад, ки шоир маҳз ба хотири такмил додани завқи адабии хонанда ва аз ибтизол берун кашидани талмеҳоти муқаррари ва зарурати балоги сохтори талмеҳро шикаста, ба шеър умқ бахшида, талмеҳоти илҳоқи, вале тозаро эҷод кардааст, ки бо ирҷои матни асл зеҳни хонандаро дар муқобили талмеҳи илҳоқи (гайриасли) мегузорад, то хонандаи тезҳуш аз манзари дигар - номукаррар ба талмеҳ назар дӯхта, ба матлаби шоир огоҳ шавад. Дар мақола панҷ навъи талмеҳ : дини, ҷугрофи, асотири , достони ва таърихи оварда шудааст. Шоир дар 686 маврид дар газал аз онҳо корбурд дошта, ки маъмултаринашон дини ва достонист. Зуҳури дар натиҷаи сохторшикани аз талмеҳи муқаррари талмеҳи истиори офаридаст, ки дар густураи адабиёти форсии тоҷики бесобиқа нест. Аммо вежагии сохторшикании Зуҳури дар талмеҳ дар он зуҳур кардааст, ки шоир дар ҳама маврид ба ҳар як ашхос ва ё қиссаҳои устуравию таърихи аз зовияи омезиши ин ду шигард дар талмеҳ назар андӯхтааст.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4 (89)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП