СОХТОР ВА ПРИНСИПҳОИ АМАЛКАРДИ КЛАСТЕРҳОИ САНОАТИ
Масъалаи консепсия, сохтор ва принсищои амалкарди кластерҳои саноатй баррасй мешавад. Қайд карда шудааст, ки дар илми муосир то ҳол таърифи дақиқ ва аломатҳои таснифии тавлиди кластерҳо мавцуд набуда, он метавонад заминаҳои агломеративй, шабакавй, иерархй ё институтсионалй дошта бошад. Исбот гардидааст, ки асоси раванди ташаккули кластери саноатиро мубодилаи иттилоот ба талабот, техника ва технология байни харидорон, таҳвилгарон ва соҳаҳои ҳамҷавор ташкил мекунанд. Таҳлил нишон медиҳад, ки нуқтаи муҳимтарини сохтори кластер дар он зуҳур меёбад, ки ҷои марказиро дар кластер таҳкими шабакаи муносибатҳои мутақобила байни иштирокдорони кластер ишгол мекунад. Дар натиҷаи таҳлил хулоса бароварда шудааст, ки кластери саноатй бо як қатор принсищо ва як гурӯҳи омилҳои ташкил ва фаъолият тавсиф мешавад, ки идентификатсияи кластерҳо бо усули «хароҷот-истеҳсол» ва таҳлили занҷираи «харидор-таҳвилгар» методҳои коррелятсионй ва таҳлили графикй амалй карда мешавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2020 · № 4 (85)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП