СОХТАНИ ДАВЛАТИ БОСАМАР ҲАМЧУН ЗИНАИ НАВИ ҲАМКОРИИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
Дар замони ҳозира нақш ва вазифаи давлат дар сиёсат ва иқтисодиёт мавриди бозбинӣ қарор мегирад. Азбаски тағйироти сифатии ба таври воқеӣ дар ҷомеа ногузир боиси тағйирёбии моҳияти давлат гардиданд, ҳамзамон рушди заминаи иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат босуръаттар дар муқоиса бо унсурҳои маҷбуркунии ҳокимияти он, ки сиёсат онро идора мекунад тавсеа меёбад. Акнун давлат бештар аз ҳама ба неруи ташкилкунандаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, ҳимоятгари манфиатҳои шахсӣ ва умумии одамон табдил меёбад. Чунин равандҳо боиси ба миён омадани як силсила назарияҳо, аз қабили « давлати рифоҳи умумӣ», «демократияи чандандешӣ», « давлати ҳуқуқбунёд» ва ғайра гардиданд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан