Central AsianResearch Index

СОҲИБ ТАБАРОВ ДАР ШИНОХТИ АБДУЛҚОДИРИ РАҲИМ

Дар мақолаи мазкур муаллиф симои муҳаққиқ ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Шуҳратиевич Табаровро дар эҷодиёти адиб, публитсист ва журналист Абдулқодири Раҳим таҳлил намуда, ба натиҷае мерасад, ки офаридани симои маънавӣ ва воқеии пажӯҳишгар ба хотири навиштани таърихи саҳеҳи адабиётамон дар замони истиқлол, ки чунин имкониятро фароҳам овардааст, мусоидат мекунад. Навиштаҳои Абдулқодири Раҳим дар бораи Соҳиб Табаров дар жанрҳои гуногуни журналистӣ офарида шудаанд. Дар ин раванд, публитсист аз усули мушоҳида, ки дар таҳқиқоти журналистӣ муҳим мебошад, бештар истифода мекунад. Хотираи ӯ дар ин маврид қавӣ аст ва дар навиштаҳояш он баръало ба назар мерасад. Тавре аз таҳлили осори публитсистии Абдулқодири Раҳим бармеояд, мақолаҳои дар бораи устод Соҳиб Табаров ниготаи ӯ самимӣ ва бо муҳаббати хоси шогирдӣ мебошанд. Тарзи навишт ҷолибу хонданӣ аст. Адиб саъй ба харҷ медиҳад, ки то чеҳраи аслии Соҳиб Табаров бо тамоми ҷузъиёт барои насли имрӯз ва фардо рӯшан бошад. Шахсияти Соҳиб Табаров дар осори публитсистии адиб ва журналист Абдулқодири Раҳим васеву фарогир буда, адиб мавқеи муҳаққиқро дар рушди илми адабиётшиносии тоҷик ва нақди адабӣ дуруст муаяйн кардааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4 (117)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни