Central AsianResearch Index

СИЁСАТИ КИШВАРКУШОИИ КУРУШИ КАБИР ДАР ОСОРИ МУҲАҚҚИҚОН

Дар мақолаи мазкур муаллиф бо истифода аз манобеъи таърихӣ ва осори муҳаққиқони ватанию хориҷӣ масъалаи сиёсати кишваркушоии яке чеҳраҳои мондагори таъриху тамаддуни ҷаҳонӣ – Куруши Кабирро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Таъкид мегардад, ки муҳаққиқони зиёде доир ба сиёсати кишваркушоии Куруш дар осори худ маълумот додаанд. Ҳанӯз аз аҳди бостон сар карда муаррихоне монанди Ҳеродот, Ктесий, Ксенофонт ва дигарон шахсияти Куруш ва сиёсати кишваркушоии ӯро омӯхта, ибрози андеш намудаанд. Аз маълумоти онҳо ва таҳқиқоти муҳаққиқон бармеояд, ки Куруш аз дигар сиёсатмадорони аҳди бостон тафовути зиёде дошт. Куруш аз сатҳи ҳокими вилоят ба дараҷаи шоҳаншоҳи як империяи бузурги ҷаҳонӣ расид. Дар масири ба мартабаи шоҳӣ расидан талош ва ҷидду ҷаҳди зиёде намуда, монеаҳои зиёдеро дар сари роҳи худ бартараф кард. Ӯ аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба мустаҳкам кардани ҳокимияти марказӣ ва пурқувват кардани артиши худ шуруъ намуд. Куруши Кабир аз забткорону ҷаҳонкушоёну қудратталабоне монанди Чингиз, Темур ва ҳатто Искандари Мақдунӣ ва лашкаркашони араб тафовути куллӣ дошт. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба қатли ом роҳ намедод, дар ҳамон давраҳои аввали инкишофи тамаддуни башарӣ риояи ҳуқуқи инсон ва адолату инсофро аз ҷумлаи аслҳои давлатдорӣ медонист. Эъломияи ӯ аз дурандешӣ ва хирадмандии ӯ гувоҳӣ медиҳад. Ӯ бунёдгузори давлати нахустини муназзам ва мутамаддини инсонӣ буд. Беҳуда нест, ки рӯҳониёни Бобул ӯро фиристодаи худованд Мардук, яҳудиён фиристодаи худованд Яҳво ва юнониён сиёсатмадори бузург номидаанд. Донишмандони муосир дар бораи ӯ ҷилд ҷилд асарҳо офаридаанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4 (117)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни