СИЁСАТИ ИННОВАТСИОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Таҳқиқоти мазкур ба сиёсати инноватсионии давлат дар шароити соҳибистиқлолӣ , аҳамияти назариявӣ ва амалии он барои Тоҷикистон бахшида шуда, дар он ташкил, рушд ва амалишавии сиёсати инноватсионӣ , таҳлили назариявӣ ва эмпирикии нақши давлатро дар сиёсати инноватсионӣ таҳлил гардидааст. Инчунин дар марҳилаи соҳибистиқлолӣ оид ба рушди низоми миллии инноватсионӣ ва аҳамияти он дар беҳтар сохтани иқтидори давлат дар самтҳои гуногуни фаъолият таваҷуҳи хосса намуда, унсурҳои низоми миллии инноватсиониро, иқтидори илмӣ-техникӣ, фаъолияти инноватсионӣ , сиёсати самаранок дар ин самт дар сатҳи зарурӣ матраҳ намудааст. Дар баробари ин аҳамияти ташаббусҳои роҳбари давлат дар самти рушди илм , рушди иқтисоди сабз, ҳуши маснуъӣ , иқтисодиёти рақамӣ ва дигар масъалаҳои ба сиёсати инноватсионӣ пайванддошта дар минтақа ва ҷаҳон инъикос ёфтаанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди сиёсати инноватсионии давлат дар шароити соҳибистиқлолӣ , ки Тоҷикистон дар роҳи муайян намудани самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии хеш мустақил аст, зарурат ба рушди низоми миллии инноватсионие пеш омадааст, ки ин барои ноил шудан ба рушди устувори кишвар мусоидат менамояд. Инҷо инноватсияҳо омили асосие муайян шудааст, ки рақобатпазирии иқтисоди миллиро таъмин менамояд. Татбиқи сиёсати инноватсионии Тоҷикистон дар шароити соҳибистиқлолӣ ва мавриди амал қарор гирифтани консепсия, стратегияҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти рушди Ҳукумати электронӣ, иқтисодиёти рақамӣ, рушди ҳуши маснуъӣ , фаъолияти инноватсионӣ яке аз афзалиятҳои самти таҳқиқоти мазкур маҳсуб меёбад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан