СИЁСАТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР НИЗОМИ ИЦТИСОДИ БОЗОРИИ МИНТАЦА
Масъалаҳои ташаккули сиёсати идоракунии рушди минтақа баррасӣ шудаанд. Таваҷҷӯҳи махсус ба муайян кардани роҳҳои расидан ба ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии минтақа , шароити зарурӣ барои рушди устувор ва фаъолияти хоҷагидории минтақаи вилояти Сугд дар стратегияи дурнамо то соли 2030 дода мешавад. Самтҳои такмилдиҳии сохторҳои ташкилии идоракунии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва мавқеи онҳо дар низоми иқтисодиёти минтақавӣ пешниҳод карда шудааст. Зарурати тадқиқоти равандҳои идоракунии «минтақаҳои дорои мушкилот» - ро бо алоқамандии мавҷудияти иқтидори захиравӣ асоснок карда, аломати ҷойгиршавии ҷугрофии ҳудудҳо, инчунин норасоии захираҳои молиявии худӣ барои ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ қайд карда мешавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2020 · № 4 (85)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП