СИЁСАТИ АНДОЗИ ДАВЛАТ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО ИҚТИСОДИЁТИ ПИНҲОНӢ
Муҳиммияти таҳқиқи масъалаи иқтисоди пинҳонӣ , ки дар шароити муосир яке аз таҳдидҳои асосӣ ба давлат ба шумор меравад, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Предмети таҳқиқот маҷмуи масъалаҳои илмию назариявие мебошад, ки ба баланд бардоштани самарабахшии муқовимат ба саркашӣ аз пардохти андоз равона гардидааст. Объекти таҳқиқот фаъолияти иқтисодии пинҳонӣ ва механизми саркашӣ аз пардохти андоз мебошад. Тадбирҳои мушаххас дар самти коҳиш додани миқёси саркашӣ аз пардохти андоз дар заминаи рушди иқтисоди рақамӣ ва қонунигардонии иқтисодиёти пинҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, роҳҳои имконпазири самарабахшии фаъолияти мақомоти андоз оид ба маъмурикунонии андоз нишон дода шудааст. Усулҳои мушоҳидаи оморӣ, гуруҳбандӣ ва ҷамъбастӣ, таҳлил ва синтез, арзёбии эҳтимолӣ, равишҳои мантиқи ва низомманд истифода шудаанд. Зарурати ба даст овардани созиш байни манфиатҳои давлат ва андозсупорандагон дар раванди татбиқи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани самарабахшии муқовимат бар зидди саркашӣ аз пардохти андоз асоснок карда шудааст. Афзалияти муносибати институтсионалӣ ба ҳалли масъалаҳои саркашӣ аз пардохти андоз дар шароити муосир таъкид карда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 98, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП