Central AsianResearch Index

СИСТЕМАИ ИНТИХОБОТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ПАЙДОИШ, ТАШАККУЛЁБӢ ВА ДУРНАМОИ ИНКИШОФ

Пайдоиш, ташаккулёбӣ ва дурнамои инкишофи низоми интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Дар доираи таҳқиқот бо истифода аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили равандҳои сиёсӣ пайдоиши низоми интихоботӣ ва аҳаммияти ташаккулёбии он муайян карда шудааст. Хусусиятҳои низоми интихоботии давраи шуравӣ ва Тоҷикистони соҳибихтиёр муайян ва афзалиятҳои он дар замони муосир нишон дода шудааст. Меъёрҳои асосии ташкили интихоботи президентӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Низоми интихоботии аксарият ва мутаносиб ҳамчун воситаи асосии ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ нишон дода шудааст. Бо мақсади такмили сохтори сиёсӣ, тақкими пояҳои демократия дар кишвар дар асоси таҳлили назарияҳои сиёсӣ, бо истифодаи усули муқоисавӣ-таърихӣ роҳҳои такмили низоми интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он пешниҳод гардидааст. Зарурат ва аҳаммияти такмили системаи интихоботӣ ҳамчун воситаи асосии қонунигардонии ҳокимият ва татбиқи иродаи аксарият нишон дода шудааст. Хулосаву пешниҳоди муаллиф барои ташкили интихоботи шаффоф, таҳкими пояҳои демократия ва ташаккули тафаккури сиёсии мардум мусоидат менамояд.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 100, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП