Central AsianResearch Index

СИНТЕЗ ДАР АСОСИ КИСЛОТАҲОИ УРСОДЕЗОКСИ ХОЛАН ВА ОМЎХТАНИ ХОСИЯТҲОИ ҲОСИЛАҲОИ ОН

Дар мақолаи мазкур натиҷаҳои таҳқиқоти марбут ба синтези пайвастагиҳои нави ҳосилшуда аз кислотаи урсодезоксихолан баррасӣ мегарданд. Кислотаи урсодезоксихолан ҳамчун яке аз намояндагони муҳимми кислотаҳои сафровӣ дорои аҳаммияти назарраси биологӣ ва фармакологӣ буда, дар тибби муосир васеъ истифода мешавад. Дар раванди таҳқиқот усулҳои гуногуни тағйирдиҳии химиявии сохтори ин кислота татбиқ шуда, як қатор ҳосилаҳои нав бо истифода аз реаксияҳои классикӣ ва муосири синтези органикӣ ба даст оварда шуданд. Хосиятҳои физикӣ-кимёвӣ , спектралӣ ва баъзе хусусиятҳои биологию реаксионӣ-қобилияти ҳосилаҳои ҳосилшуда мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки тағйирёбии сохтори молекулавии кислотаи урсодезоксихолан метавонад ба беҳтаршавии баъзе параметрҳои фаъолияти биологӣ ва устувории пайвастагиҳо оварда расонад. Маводи пешниҳодшуда метавонад ҳамчун заминаи илмӣ барои таҳияи доруҳои нави самаранок ва пайвастагиҳои биоактив истифода шавад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан