СИККАЗАНӢ ВА ИСТИЛОҲОТИ НУМИЗМАТӢ ДАР "ШОҲНОМА" - И ҲАКИМ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
Муаллиф чигунагии инъикоси сикказанӣ ва корбурди вожаҳои нумизматиро дар « Шоҳнома »-и Абулқосим Фирдавсӣ таҳқиқ намудааст. Тибқи иттилои Фирдавсӣ Ардашери Бобакон баъди ба сари қудрат омадан, сарсиккаҳоро иваз намуда, аз номаш дирам ва динори нав мебарорад ва вазирашро масъули сиккабарорӣ таъин менамояд. Дар асри VI ҳангоми подшоҳии Ҳурмуз Баҳроми Чӯбина, ки Сомониён худро аз авлоди меҳисобиданд, аз номи Хусрави Парвиз сикка мебарорад ва бо ин роҳ низоми сикказании сосониёнро халалдор менамояд. Зеро дар вақти подшоҳии Ҳурмуз аз номи Хусрави Парвиз сикка баровардан мумкин набуд. Ин иттилои Фирдавсиро муаллифони дигар сарчашмаҳои хаттӣ низ тасдиқ менамоянд. Хусрави Парвиз баъди шикаст додани Баҳроми Чӯбина ислоҳоти пулӣ мегузаронад. Абулқосими Фирдавсӣ маҳшуртарин вожаҳои нумизматии «динор» ва «дирам»-ро ҳам дар достонҳои асотирӣ ва ҳам дар достонҳои таърихӣ истифода кардааст. Вожаҳои динору дирам дар достонҳои асотирӣ гоҳҳо паҳлӯи ҳам ба шакли зару динор ва симу дирам корбурд шудаанд. Аз ин бармеояд, ки динору дирами достонҳои асотирии « Шоҳнома » ба маънои сиккаи тиллоӣ ва нуқрагӣ мебошад. Аммо сикка танҳо дар асри VIII пеш аз милод ихтироъ шуда буд. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар « Шоҳнома » зиёда аз 40 ибора ва вожаҳои нумизматиро ба кор бурдааст, ки муаллиф номгӯйи онҳоро муайян ва пешниҳод кардааст. иброз намудааст, ки аз нигоҳи решашиносӣ (этимологӣ) мавриди пажӯҳиши амиқ қарор додан ва аниқ намудани маъно ва моҳияти ҳар як вожаи зикршуда барои таҳияи вожаномаҳои соҳавӣ ва сиккашиносии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад.
Сведения
- Журнал
- Historian
- Опубликовано
- 2022 · № 4 (34)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-7382
- Издатель
- ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА