Central AsianResearch Index

СИФАТҲОИ МУРАККАБ ДАР “ТУҒЛУҚНОМА” –И АМИР ХУСРАВИ ДЕҲЛАВӢ

Сифатҳои мураккаб дар “Туғлуқнома”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ баррасӣ шудааст. Зикр гардидааст, ки сифатҳои мураккаби осори Хусрав, аз ҷумла “Туғлуқнома” то ҳол диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб накардааст. Таъкид шудааст, ки сифатҳои мураккаб дар “Туғлуқнома” василаи муҷаз ва ифоданок баён намудани матлаб, барҷаста тасвир намудани симои манфӣ ва мусбати қаҳрамону персонажҳо, ҳодисаву воқеаҳо мебошанд. Бо мисолҳои мушаххас фарқи сифати мураккаб аз ибора нишон дода шудааст. Доир ба қолабҳои сифатҳои мураккаб , маълумот дода, сифатҳои мураккаб аз ҷиҳати таркиби морфологӣ гуруҳбандӣ гардида, семантикаи онҳо баррасӣ шудааст. Зикр гаштааст, ки дар сохтани сифатҳои мураккаб асосан исм, сифат, асосҳои феълӣ иштирок мекунанд.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 97, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП