СИФАТҲОИ ХУДО ДАР МАНЗУМАҲОИ «ХАМСА»-И НИЗОМИИ ГАНҶАВӢ
Мақолаи мазкур ба таҳлили сифот ва номҳои илоҳӣ дар поэмаҳои машҳури «Хамса» -и Низомии Ганҷавӣ бахшида шуда, дар он масъалаи номҳои Худо барои нахустин бор дар доираи забоншиносии тоҷик мавриди баррасии илмӣ қарор гирифтааст. Дар оғоз, муаллиф кӯшиш менамояд, ки назари уламои динро дар мавриди теъдоди номҳои аслии Худо баён намояд ва сипас баҳсҳои мазҳабиро атрофи шумораи номҳои Оллоҳ, аз ҷумла 99 номи машҳур дар анъанаи ислом, матраҳ месозад. Таҳлил асосан бар се манзумаи асосии «Хамса» — « Лайлӣ ва Маҷнун », «Хусрав ва Ширин» ва «Искандарнома» сурат мегирад, ки дар онҳо калимаҳо ва вожаҳои ифодакунандаи сифоти илоҳӣ бо усули таҳлили матнӣ мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд. Муаллиф нишон медиҳад, ки Низомӣ на танҳо вожаҳои аслӣ, балки калимаҳои иқтибосии арабӣ ва форсиро низ бо ҳассосияти вижа ва маҳорат истифода бурда, онҳоро ба унсурҳои бадеии пурмаънӣ табдил медиҳад. Хулосаи таҳқиқ он аст, ки номҳои Худо дар ашъори Низомӣ на танҳо барои ифодаи эҳтиром ва тасбеҳи зоти илоҳӣ хидмат мекунанд, балки ҳамчун рамзҳои фалсафӣ ва ирфонӣ ҷойгоҳи муҳиме дар нигоштаҳои ӯ доранд. Ин вожаҳо дар заминаи шеъри ирфонӣ ва ҷаҳонбинии ахлоқии шоир бо тарзи хоси баёншуда, воситаи ифодаи андешаҳои метафизикӣ ва инсонгароёна мегарданд. Мақола равзанаи тозаеро ба сӯи фаҳми жарфтарини истилоҳоти илоҳӣ ва шаклгирии онҳо дар адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ мекушояд ва барои таҳқиқоти минбаъда дар заминаи лексикологияи динӣ ва таърихи забон асос мегузорад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 5 (118)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни