Central AsianResearch Index

ШОҲИБОФИИ СУҒДИЁН МУТОБИҚИ МАЪЛУМОТИ ҲУҶҶАТҲОИ БОЙГОНИИ ДЕВАШТИЧ

Шоҳроҳи абрешим яке аз омилҳои муҳимми рушди тиҷорат ва фарҳанг ба ҳисоб меравад. Вай дар ибтидо бо мубодилаи одии тиҷорат ва интиқоли маҳсулоти гуногун ҳамчун туҳфаҳои сафирон ё ашёи бозорӣ маҳдуд буд. Ба шарофати рушди Шоҳроҳи абрешим интиқоли дастовардҳои технологии як давлат ба марзи давлати дигар хеле осон шуд. Аз ҷумла, кирмакпарварӣ ва шоҳибофӣ , ки муддати тулонӣ дар инҳисори Чин буд, дар асрҳои V—VI ба Осиёи Миёна, Эрон ва Византия паҳн гардид. Таҳти таъсири Чин, кирмакпарварӣ дар Осиёи Миёна ривоҷ ёфт. Истеҳсоли он дар Осиёи Миёна бори аввал дар асри VIII аз ҷониби ҳунармандони чинӣ дар Самарқанд ба роҳ монда шудааст. Оид ба ин масъала дар Суғди давраи барвақти асримиёнагӣ ҳуҷҷатҳои бойгонии Деваштич , ки дар қалъаи кӯҳии Муғ ёфт шудаанд, маълумот медиҳанд. Ворид шудани кирмакпарварӣ ва шоҳибофӣ ба минтақа на танҳо ба зиёд шудани шумора ва рушди ҳунармандӣ, балки дар як вақт ба болоравии тиҷорати дохилию хориҷӣ мусоидат намуд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 108, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП