Central AsianResearch Index

ШИНОХТИ ИСТИЛОҲИ МУТАНОҚИЗНАМОӢ

Дар ин мақола гуфта мешавад, ки худи ҳастӣ ва падидаҳои ҷаҳон аз нигоҳи мантиқию фалсафӣ пур аз таноқуз аст, аммо ин мутаноқизнамоӣ дар як куллият ва ваҳдатро ташкил карда, боиси барқарорӣ ва мудовимати ҳастӣ ва ҷаҳон гаштааст. Ҳамин гуна дар адабиёт ва каломи бадеӣ ҳам санъати мутаноқизнамоӣ вуҷуд дорад, ки дар зоҳир падидаҳои мутаноқизро дар як таркиб ё таъбир фаро мегирад ва боиси шигифтӣ ва тааҷҷуби мухотаб мешавад. Ин гуна тасвирҳои мутаноқиз бо андаке диққат ва тааммул ҳал гашта, боиси кашфи маонии амиқу таҳтонии матн мегардад. Дар идома зикр мешавад, ки мутаноқизнамоӣ пеш аз он ки дар адабиёт матраҳ бошад, дар мантиқ ва ирфон вуҷуд доштааст. Истифодаи ин орояи бадеӣ дар шеъри шоирони сабки ҳиндӣ , бавижа Абдулқодири Бедил ба авҷи худ меравад ва боиси ошноизудоӣ ва яке аз вижагиҳои шеъри ӯ мегардад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни