Central AsianResearch Index

ШИНОХТ ВА НАҚДУ БАРРАСИҲО ДАР БОРАИ ШЕЪРИ ҒАНИИ КАШМИРӢ

Шоири маъруфи форсизабони Ҳиндустон дар қарни ХVII , намояндаи барҷастаи сабки ҳиндӣ – Муҳаммадтоҳир Ғании Кашмирӣ дар эҷоди мазмунсозӣ ва маъниофаринӣ маҳорати беандоза дошт. Муаллифони бисёре аз маъхазҳои адабӣ-таърихӣ ва муҳаққиқони осори шоир табъи баланд ва ҳунари сухангустарии Ғаниро эътироф намуда, иқтидори ӯро дар мазмунофариниву хушхаёлӣ ва нозукбандӣ тавсиф намудаанд. Нигоҳи тазкиранигорони муосиру баъдӣ ва адабиётшиносоне, ки тарзу услуби нави эҷодиёти Ғанӣ ва сабку салиқаи ашъорашро ситудаанд, изҳор ва мақоми сазовори Ғании Кашмирӣ дар ривоҷи сабки ҳиндӣ нишон дода шудааст. Таъкид бар он гардидааст, ки Ғании Кашмирӣ борҳо ҳисси болидагии хешро аз пояи баланди суханварии худ изҳор намуда, ифтихор аз тозагӣ ва рифъати ҳунари шоирӣ ва мазмунбандии тозаи худ мекунад. Дар баробари ин ӯ гоҳе эҷодиёти худро барои мавҷуд будани такрор дар эҷоди мавзуъҳо мавриди танқид низ қарор додааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 101, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП