ШЕВАҲОИ ШАХСИЯТПАРДОЗӢ ДАР ҲИКОЯИ ИМРӮЗ
Масъалаи шеваҳои шахсиятпардозӣ ва равишҳои усулии он дар ҳикояи тоҷикии давраи истиқлол баррасӣ шудааст, ҷустуҷӯҳои бадеии баъзе нависандагон дар ин замина мавриди арзѐбӣ қарор гирифтааст. Ҷустуҷӯҳои бадеии нависандагони муосир ва масъалаҳои тасвири бадеии инсон дар назарияи ҳикояи муосир ба ҳайси ҷанбаи муҳимми он таҳлил гардидааст. Дар асоси таҳлили қиѐсии анъанаҳои навпардозии гузашта ва ҳозира тамоюлҳои асосии инкишофи ҳикояи муосири тоҷикӣ муайян карда шудаанд. Нависандагон ҳодисаҳои муҳимтарини сиѐсӣ ва иқтисодии солҳои 90-уми қарни ХХ-ро дар Тоҷикистон инъикос мекунанд. Таъсири ин воқеаҳо дар эҷодиѐти Ӯ.Кӯҳзод, Сорбон, С.Турсун, А.Самад, Баҳманѐр ва дигарон назаррасанд. Масъалаҳои тасвири бадеии инсон дар иртиботи бевосита бо олами маънавӣ ва ҷаҳоншинохти ӯ баррасӣ шудаанд. Ҷустуҷӯҳои ҳар нависанда дар алоҳидагӣ арзѐбӣ гардида, бо ин роҳ саҳми эҷодии ӯ дар тадқиқи фалсафаи ҳаѐтии инсони муосир нишон дода шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 2 (87)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП