Central AsianResearch Index

ШЕВАҲОИ НАҚД ДАР ТАЗКИРАИ “РИЁЗУШШУАРО”-И ВОЛАИ ДОҒИСТОНӢ

Мақола ба таҳлилу баррасии яке аз масъалаҳои муҳими нақду сухансанҷӣшеваҳои корбасти афкори интиқодӣ дар тазкираи «Риёз-уш-шуаро» -и Волаи Доғистонӣ бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки муаллифи тазкираи «Риёз-уш-шуаро» ба масъалаҳои нақд бештар таваҷҷӯҳ доштааст ва ҳамин омил боис шудааст, ки яке аз рисолаҳои арзишманди нақди адабии шибҳи қораи Ҳинд – “Танбеҳ-ул-ғофилин”-и Сироҷиддин Алихони Орзу ба таври комил дар тазкираи мазкур зикр шавад. Тазаккур меёбад, ки «Риёз-уш-шуаро» -и Волаи Доғистонӣ аз лињози баррасии ашъори суханварону шоирон, арзёбии арзишњои њунарии онњо, бањогузорї ба ашъори ҳамдигар ва дар маҷмўъ, муносибату мубориза, њамкориву интиќодњо афзалияти бештар касб кардааст.Таҳлили масоили мазкур нишон медиҳад, ки Волаи Доғистонӣ ҳамчун тазкиранавис, суханвари тавоно дар фазои нақду баҳогузории ашъори суханварон саҳми назаррас гузоштааст.Хулоса мешавад, ки тазкираи «Риёз-уш-шуаро» -и Волаи Доғистонӣ ҳамчун сарчашмаи нақду сухансанҷӣ дар инкишофи афкори интиқодӣ дар шибҳи қораи Ҳинд хидмат намудааст

Сведения

Опубликовано
2023 · № 2 (75)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова