ШЕЪРУ ШОИРӢ АЗ НАЗАРИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Мақом ва ҷойгоҳи шеъру шоирӣ ва андешаҳои худи шоирон, ба хусус Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар бораи моҳият ва ҷавҳари шеър таҳлил мегардад. Қайд мешавад, ки бо вуҷуди ишқу дилбастагии аз ҳад зиёд ба шеър, шоирони бузурге чун Санои Ғазнавӣ ва Мавлоно Балхӣ шеъру шоириро мазаммат намуда, аз он дурӣ ҷустаанд. Яке аз сабабҳои мухолифати шоирони ориф оятҳои 224-227-уми сураи Шуаро дар Қуръони карим мебошад. Дар асоси андешаҳои шоирон; Саноӣ, Низомӣ ва Мавлоно Балхӣ хулоса мешавад, ки онон низ мисли Қуръон шоирони маддоҳу ҳарзагӯро, ки шеърро танҳо василаи мадҳу ситоиши ҳар ашхоси ношоиста қарор медиҳанд, маҳкум намудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · Т. 95, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП