ШАРОИТҲОИ ТАБИӢ ВА ИҚЛИМИИ МИНТАҚАҲОИ ТАҲҚИҚОТИИ ПАРВАРИШИ FABA BONA L. ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар мақола шароити табиӣ -иқлиму хокии минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири онҳо ба рушд, нашъунамо ва ҳосилнокии Vicia faba L. мавриди тадқиқ қарор дода шудааст. Тадқиқот минтақаҳои агроиқлимии водии Зарафшон (Айнӣ , Кӯ ҳистони Мастчоҳ), Ҳисор (шаҳри Ваҳдат), НТМ (Сангвор) ва ВМКБ (Ванҷ, Рӯ шон, Шуғнон, Ишкошим)-ро солҳои 2019–2025 дар бар гирифта, нишондиҳандаҳои ҳарорати ҳаво ва миқдори боришоти атмосферӣ таҳлил гардидаанд. Натиҷаҳо дар ҳамаи минтақаҳои омӯ зишӣ шаҳодат медиҳанд, ки ин ҳолат ба марҳилаҳои фенологии растаниҳо таъсири назаррас мерасонад. Ҳамзамон, хусусиятҳои асосии намудҳои хокҳои паҳнгардида, дар минтақаҳои миёнакӯ ҳӣ ва баландкӯ ҳӣ , аз ҷумла хокҳои хокистарранги сиёҳтоб, ҷигарранги кӯ ҳии карбонатӣ , ҷигарранги кӯ ҳии муқаррарӣ , ҷигарранги кӯ ҳии равшан ва баландкӯ ҳи даштӣ тавсиф карда шудаанд. Дар асоси ташхисҳои озмоишгоҳии намунаҳои хок аз қитъаи таҷрибавӣ элементҳои химиявии таркиби хок вобаста ба элементҳои ғизоӣ ва мувофиқати он барои парвариши зироати боқило муайян гардид.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3107-2356
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан