ШАРҲИ СОИНУДДИНИ ХУҶАНДӢ БА ҚАСИДАИ ИБНИ ФОРИЗ
Мақола ба таҳқиқу баррасии арзиши бадеии тоҷикӣ ва арабии Соинуддини Хуҷандӣ ба қасидаи «Назм-уд-дурар» и шоири маъруфи араб Ибни Фориз бахшида шудааст. Зикр гардидаст, ки Хоҷа Соин 760 байти қасидаи «Назм-уд-дурар» и Ибни Форизро бо усули таҳлили байт ба байт шарҳу тавзеҳ карда, дар ҳар фурсате оёти қуръонӣ, аҳодиси набавӣ оварда, сипас онро тарҷумаву тафсир мекунад ва аз ашъори бузургони форсигӯй ва арабигӯй дар хилоли наср абёте ба ҳайси шоҳид меорад, ки ба оят ва ҳадис иртиботи мантиқӣ дорад. Таъкид шудааст, ки Соинуддини Хуҷандӣ дар баробари нависан даи чирадаст будан, дар шарҳу тафсири осори ирфонӣ ва тарҷумаи мутуни маъруфи адабиёти арабизабон ҳам дасти тавоно доштааст.Шарҳи бар “Назм-уд-дурар ” нигоштаи Соинуддини Хуҷандӣ аз муҳимтарин шурӯҳтест, ки бар ин қасида навишта шуда худи нависанда ба масобаи беҳтарин донандаи шеър ва орои Ибни Фориз мебошад.Шарҳу тавзеҳи мусталеҳоти хосаи ирфониву фалсафии қасидаи “Назмуд-дурар”, ки аз ҷониби Хоҷа Соинуддин анҷом дода шудааст , ӯро ҳамчун шореҳи хуби осори адабиву ирфонӣ муаррифӣ менамояд.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 2 (75)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова