Central AsianResearch Index

ШАРҲИ МАФҲУМИ ИСТИЛОҲ ДАР САРЧАШМАҲОИ ЗАБОНШИНОСӢ

Дар мақолаи мазкур сухан роҷиби масъалаҳои истилоҳ ва истилоҳшиносӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик ва истилоҳоти забони англисӣ мавриди пажуҳиш қарор гирифтааст. Бояд, қайд намоем, ки асосан сухан доираи омӯзиши истилоҳ ва истилоҳгузини мавриди таҳқиқ баррасӣ гардидааст. Мафҳумҳои илмӣ, тавре ки маълум аст, ифодагари шаклҳои гуногуни зуҳурёбии тафаккури инсон буда, хусусиятҳои аслӣ, иртиботот ва робитаҳои ашё ва ҳодисаҳоро дар соҳаи муайяни дониш инъикос менамоянд. Дар натиҷаи инъикоси вазъияти илмӣ ва иҷтимоию фарҳангии зудтағйирёбанда, дар ҳоли ҳозир ташаккули низомҳои истилоҳоти бахшҳои зиёди дониши илмӣ, махсусан байнифаннӣ ва ба таври фаъол идома дорад. Дар ин робита шумораи зиёди таҳқиқот дар бораи истилоҳот ва терминография ба вуҷуд меоянд. Бо ин ҳол, истилоҳоти забоншиносӣ ба сабабҳои зиёд ба таври фаъолона густариш меёбанд, ки миёни онҳо афзоиши шумораи фанҳои забоншиносӣ, ҷараёнҳо ва мактабҳо нақши муҳимро мебозанд. Аз ин рӯ, шумораи мафҳумҳо ва истилоҳоти марбути «педагогика» бо суръати зиёд афзоиш меёбад. Инчунин дар мақолаи мазкур зикр шудааст, ки масъалаи истилоҳ ва истилоҳшиносӣ яке аз вазифаҳои мубрами забоншиносӣ буда, дар таркиби назарияи забоншиносии умумӣ мавриди муҳокимаву таҳқиқ карор мегирад. Масъалаҳои марбут ба маънои забоншиносии «истилоҳ» ва «истилоҳшиносӣ» дар забоншиносии муқоисавӣ дертар дар охири асри ХIХ ибтидои асри ХХ пайдо шуд. Мафҳуми «истилоҳ» дар илм асосан дар аввалҳои асри ХХ ба вуҷуд омадааст. Аввалин тавзеҳи калимаи «истилоҳ» дар «Энциклопедический словарь» Ф.А. Брокгауза ва И.А. Ефрона зикр шудааст. Таҳқиқи истилоҳшиносон на танҳо истилоҳоти алоҳидаро таҳлил менамояд, балки ба масъалаи коркарди умумии истилоҳотшиносӣ дахл дорад. Таваҷҷӯҳи забоншиносон ба масъалаи истилоҳот тасодуфӣ набуда, ба сохтори назарии истилоҳотшиносӣ, ҳамчунин талаботи амалии истилоҳ мебошад. Яке аз масъалаи муҳими назария истилоҳшиносӣ ин муайян намудани истилоҳ аст.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 1 (96)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни