Central AsianResearch Index

ШАКЛ ВА УСУЛҲОИ ТАКМИЛИ ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ

Дар мақола таъсири рушди бизнес ва шарикии давлат ва бахши хусусии ба рушди иҷтимоӣиқтисодӣ баррасӣ гардидааст. Қайд карда шудааст, ки рушди ҳамкориҳои давлатию хусусӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини давраи ҳозираи рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар асоси таҳлили маводҳои илмию оморӣ нишон дода шудааст, ки дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозорӣ истифодаи шаклу усулҳои ҳамкориҳои байни давлат ва бахши хусусӣ сол то сол бо суръати баландтар рушд ёфта истодааст. Шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ ва махсусан корхонаҳое, ки ба бахши хусусӣ таалуқ доранд зиёд шуда истодааст. Асоснок карда шудааст, ки яке аз омилҳои калидии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳое, ки ба инфрасохтори иҷтимоӣ дахл доранд тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ бартараф хоҳанд шуд.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 2 (41)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет