Central AsianResearch Index

ШАКЛ ВА ТАРЗҳОИ ПАРДОХТИ МЕҳНАТ ДАР МИНТАЦА

Муаммои шакл ва тарзҳои пардохти меҳнат дар минтақаҳои вилояти Сугди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ карда мешавад. Таъкид шудааст, ки дар иқтисодиёти бисёрсоҳа, ки дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моликият» амал мекунад, шаклҳои мавҷудаи пардохти меҳнат, гарчанде ки аксаран анъанавӣ ва устувор мебошанд, метавонанд прогрессивӣ бошанд ва бо муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ба танзим дароварда шаванд. Изҳори ақида шудааст, ки аз низоми кӯҳнаи тақсимоти даромад ва пардохти меҳнат тибқи баробаркунӣ дур шудан ва таъмини гузариш ба шаклҳо ва намудҳои нисбатан васеи пардохти меҳнат вобаста аз хароҷоти меҳнат ба мақсад мувофиқ аст. Хулоса шудааст, ки саноатикунонии босуръат дар иқтисодиёт танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва вусъати шаклу усулҳои пардохти музди меҳнатро дар субъектҳои хоҷагидорӣ тақозо мекунад.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 2 (87)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП