Central AsianResearch Index

ШАХСИЯТ ВА ШУҲРАТИ АЙНӢ ДАР ПАЖӮҲИШИ Ҷ. АЗИЗҚУЛОВ

Муаллиф дар мақола кӯшидааст, ки дар заминаи баррасии ду мақолаи Ҷ. Азизқулов баъзе паҳлуҳои нотакрори шахсият ва маъруфияти устод Айниро равшан созад. Воқеан, устод Айнӣ аз ҷумлаи адибону равшанфикрони тоҷик аст, ки фаъолияти адабию эҷодиаш аз давраи нуфузи наҳзати маорифпарварӣ дар ҷомеа шуруъ мешавад. Аз тарафи дигар вай аз зумраи афроди таъсиргузори таърихию фарҳангии тоҷикон аст, ки шахсият ва корномаи ӯ дар ҳама давру замонҳо мавриди назар ва мавзуи баҳсу баррасиҳои илмию адабӣ мебошад. Дар ин замина олимони тоҷик тадқиқоти зиёдеро ба нашр расониданд. Афкори маорифпарваронаи Айнӣ дар замони мо ҳам арзиши муҳимми маънавӣ ва маърифатӣ дорад. Зеро мо дар остонаи бунёди ҷомеаи ҷадид ва муосир қарор дорем ва дар ин кор бояд ҳамеша ба афкори бузургоне чун С. Айнӣ такя намоем.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни