Central AsianResearch Index

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАШАККУЛИ АФКОРИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Нақши шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун яке аз муҳаррикҳои асосии ташаккули афкори ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Зикр гардидааст, ки дар заминаи рушди босуръати муҳити рақамӣ ва афзоиши сатҳи дастрасии интернет дар кишвар, шабакаҳои иҷтимоӣ (мисли Facebook, Instagram, Telegram, TikTok ва ғайра) ба яке аз муҳимтарин воситаҳои таъсир ба ҷаҳонбинӣ, арзишҳо ва рафтори иҷтимоии шаҳрвандон табдил ёфтаанд. Муҳимтарин назарияҳои муосири коммуникатсионӣ, аз қабили назарияи таъсири рӯзномаи расонаҳо, спирали хомӯшӣ, ҷомеаи шабакавӣ, дарбонии алгоритмӣ, утоқи акси садо, чорчӯбаҳои маъноӣ, истифода ва қонеъшавии рақамӣ, диссонанси маърифатӣ ва фарҳанги иштирок мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, ки ҳар кадом равандҳои таъсиррасонии расонаҳои рақамиро аз дидгоҳи хоси худ тавзеҳ медиҳанд. Бо истифода аз усулҳои таҳлили оморӣ ва назарсанҷӣ (онлайн ва оффлайн) маълумот ҷамъоварӣ ва таҳлил шудааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · Т. 104, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП