ШАҲРАКҲОИ БОЛООБИ ВОДИИ ЗАРАФШОН ДАР МАСИРИ ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ
Дар мақолаи мазкур муаллиф дар бораи шаҳракҳои болооби водии Зарафшон дар масири Шоҳроҳи бузурги абрешим, ки як шохаи он аз ин ҷо мегузашт, маълумот додааст. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки дар асоси адабиётҳои илмӣ шаҳракҳоро аз рӯйи таъиноташон ба намудҳои якқисма, дуқисма, сеқисма, чаҳорқисма ва панҷқисма ҷудо намояд. Инчунин дар бораи вазифаҳои ин шаҳракҳо дар замони худ низ маълумот оварда шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки қисми зиёди ёдгориҳои дар боло зикргардида аз ҷониби бостоншиносон мавриди таҳқиқи ҳаматарафа қарор нагирифтааст. Бисёре аз онҳо танҳо аз ҷониби гурӯҳҳои бостоншиносӣ ба қайд гирифта шудаасту халос. Ҳангоми баррасии мавзуъ муаллиф дар бораи топонимикаи ёдгориҳои мазкур ақидаронӣ карда чунин қайд кардааст: Агар аз ҷиҳати топонимӣ ба масоили мазкур назар афканем, мушоҳида менамоем, ки бисёре аз номи ёдгориҳо омезиши туркӣ доранд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар асри VI воридшавии туркҳои бодиягард ба Осиёи Миёна оғоз гардида онҳо дар натиҷаи омезишёбӣ бо мардуми маҳаллӣ забонашонро паҳн кардаанд. Аз ин лиҳоз то имрӯз баъзе аз номи ёдгориҳо туркӣ мебошанд. Дар итмоми мавзуъ муаллиф пешниҳод намудааст, ки барои боз ҳам бештар таҳқиқ намудани ёдгориҳои болооби водии Зарафшон моро зарур аст, ки диққати олимони хориҷиро ба омӯзиши ёдгориҳои мазкур ҷалб намоем.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1 (114)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни