Central AsianResearch Index

САЙЁҲИИ ОСОРХОНАВӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақола мазкур масоили сайёҳии осорхонавӣ баррасӣ шуда, аҳаммияти он дар рушди соҳаи сайёҳӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст. Дар рафти таҳқиқи мавзуи мазкур муаллиф дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи осорхонашиносӣ ба масъалаи такрорсозии ашёи осорхонавӣ ва ташкили корхонаҳои хурди истеҳсоли маводи нодири осорхонавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамзамон қайд менамояд, ки ташкили фаъолияти истеҳсоли маводи нодири осорхонавӣ дар шакли такрорсозии ашё ва коллексияҳои осорхонавӣ барои рушди сайёҳии осорхонавӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад. Муаллифи матлаб ба фаъолияти Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ ҳамчун осорхонаи ҷолиб таваҷҷуҳ намуда, ҳамзамон қайд менамояд, ки дар заминаи ин осорхона ташкил кардани осорхонаи бошукуҳи замонавӣ дар пойтахт бо дарназардошти мағозаву дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ дар назди осорхонаи мутазаккир муҳим ва саривақтӣ мебошад. Бар замми ин гуфтаҳо, муаллиф фаъолияти осорхонаҳои шахсиро дар мисоли Осорхонаи созҳои мусиқии Гурминҷ Завқибеков баррасӣ намуда, нақш ва мавқеи осорхонаи мазкурро бо дарназардошти мавҷуд будани ансамбли фолклорӣ дар назди осорхона дар рушди сайёҳии осорхонавӣ муҳим арзёбӣ намудааст. Дар фарҷоми мақола муаллиф натиҷаҳои таҳқиқоташро мушаххас намуда, барои дурнамои рушди сайёҳии осорхонавӣ тавсияҳои муфид пешниҳод кардааст.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2024 · № 4 (39)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА