Central AsianResearch Index

САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: РУШДИ СОҲА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Мақолаи мазкур ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамчун як самти калидии рушди иқтисоди кишвар равона шудааст. Тибқи назарсанҷиҳои мавҷуда, соҳаи сайёҳӣ дар солҳои охир дар Тоҷикистон бо суръати баланди рушд дорад. Сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат амалӣ мегардад, ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад. Ҳукумати мамлакат соҳаи сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки иқтисоди миллӣ эътироф намуда, кушиш дорад то иқдори сайёҳии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд ва ба ин васила имконият пайдо мекунад, ки аз рушди ин соҳа манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии бештарро ба даст орад. Дар мақола таъкид мешавад, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар барои танзими муносибатҳои ҷамъиятии соҳаи сайёҳӣ стратегияву консепсияҳо ва қонуну барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ шуда, заминаи ҳуқуқии мустаҳкам барои рушди соҳа эҷод кардаанд. Ин тадбирҳо ва ҳуҷҷатҳо кӯмак мекунанд, ки соҳаи сайёҳӣ дар кишвар рушд ёбад ва устувор бошад. Тибқи таҳлилҳои созмонҳои бонуфуз ва расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ, Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ ба феҳристи кишварҳои маъмул барои сайру сайёҳӣ пазируфта шудааст, ки ин баёнгари эътирофи байналмилалии соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва нишондиҳандаи дастовардҳои муҳим дар даврони Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Инчунин қайд мегардад, ки соҳаи сайёҳӣ , ба ғайр аз кӯмак ба рушди иқтисод, бо таъсиргузорӣ ба дигар ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ба шуғли мардум ва тавсеаи бозори меҳнат мусоидат мекунад, ки дар натиҷа манбаъҳои нави даромад ва имкониятҳои беҳтари зиндагиро барои кишвар фароҳам меорад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4 (117)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни