САЙЁҲӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ: ТАҶРИБА, АНЪАНА ВА НАВОВАРӢ
Дар мақола муаллиф мавқеъ ва ҷойгоҳи сайёҳиро дар ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мавриди пажуҳиш қарор дода, аз дигар ҷониб ёдгориҳои таърихию фарҳангиро ҳамчун хориқаи беназири фарҳангӣ дар рушди сайёҳии фарҳангӣ муҳим арзёбӣ намудааст. Қайд мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои бениҳоят зиёди сайёҳӣ иқтидори гаронмояи таърихӣ фарҳангӣ ва сайёҳӣ , дурнамои рушди соҳа, бахусус дар самти сайёҳии фарҳангӣ муваффақона хоҳад буд. Муаллиф яке аз афзалиятҳои рушди соҳаи сайёҳиро таваҷҷуҳ намудани мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба объектҳои таърихӣ-фарҳангӣ ба унвони захираи пешбаранда ва тағйирдиҳандаи вазъи иҷтимоӣ иқтисодии минтақа хело муҳим меҳисобад. Туризм метавонад омили ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бошад. Барои он ки туризм дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ саҳми муносиб гузорад, бояд туризми масъулиятнокро ривоҷ дода, дастрасии сайёҳон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангиро танзим намуда, барномаҳои таълимӣ барои сайёҳон таҳия карда шавад.
Сведения
- Журнал
- Historian
- Опубликовано
- 2025 · № 1 (41)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-7382
- Издатель
- ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА