САВОДНОКИИ МОЛИЯВИИ РАҚАМӢ ВА МЕХАНИЗМҲОИ ТАЪМИНОТИ ОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Мақолаи мазкур ба омӯзиши масоили саводнокии молиявии рақамӣ ва механизмҳои таъмини он дар шароити муосир бахшида шудааст. Дар мақола моҳият ва мафҳуми саводнокӣ , саводнокии молиявӣ ва саводнокии молиявии рақамӣ ошкор карда шуда, принсипҳои саводнокии молиявии рақамӣ пешниҳод гардида, усулҳои идоракунии саводнокии молиявии рақамӣ ва хусусиятҳои хоси он ҷамъбаст гардидаанд. Дар асоси омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла таҷрибаи Хитой муаммоҳои асосии таъмини саводнокиии молиявии рақамӣ дар шароити муосир муайян гардидаанд. Ошкор карда шудааст, ки бо тараққӣ ёфтани бозори молиявӣ дар давлат талаботи аҳолӣ низ меафзояд, ки ин боиси тавсеаи хатарҳои ибтидоӣ ва аз байн рафтани бесуботӣ дар ҷомеа мегардад. Њамзамон тањия ва такмили стратегияњои муҳим оид ба таълими саводнокии молиявї метавонад рушди пайгиронаи соњаи молиявї ва интишори донишњои молиявиро дар љомеа таъмин намояд, ки ин барои баланд бардоштани саводнокии умумии молиявии ањолї ањамияти калон дорад. Инчунин, дар ҳошияи омӯзиши таҷрибаи Хитой чораҳои мушаххас оид ба баландбардории сатҳи саводнокии молиявии рақамӣ дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 4.2 (39)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет