САРМОЯИ ИНСОНӢ ДАР НИЗОМИ ОМИЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ
Дар мақолаи мазкур асосҳои назариявии рушду инкишофи сармояи инсонӣ дар шароити кунунӣ мавриди тадқиқ қарор гирифтааст. Қайд шудааст, ки назарияи сармояи инсонӣ , гарчанде нисбатан давраи таърихии начандон дуру дарозро ба худ ихтисос медиҳад, вале имрўзҳо ба унвони як равияи мустақили назарияи иқтисодиёт шинохта шудааст. Гузашта аз ин, сармояи инсонӣ аз тарафи назарияпардозони иқтисодӣ яке аз омилҳои муҳимтарини рушд дар сатҳи минтақа ва кишварҳои алоҳида таъриф мешавад. Дар мақола дидгоҳи олимони классик ва муосир нисбат ба ҷойгоҳ ва мақоми сармояи инсонӣ чун омили муҳимтарини рушд баррасӣ гардидааст. Муаллиф дар алоҳидагӣ компонентҳои муҳимтарини сармояи инсонӣ , аз қабили сармоягузорӣ ба соҳаҳои маориф , тандурустӣ ва муҳоҷиратро баррасӣ намуда, дар интиҳо қайд намудааст, ки танҳо сармоягузории мутавозин ба ҳама компонентҳои сармояи инсонӣ метавонад онро ба омили муассири рушд дар сатҳи субъектҳои мухталифи идоракунӣ табдил диҳад.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 4.2 (34)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет