САРМОЯГУЗОРИИ СОҲИБКОРИИ ХУРД ҲАМЧУН ШАКЛИ ДАСТГИРИИ ИННОВАТСИЯ
Дар шароити кунунӣ ташкил ва арзёбии вазъи дигаргуншавии рушди фаъолияти соҳибкории хурд дар доираи ташкили механизмҳои нави хоҷагидорӣ ба роҳ мондани навовариҳо, хизматрасонӣ ва сармоягузорӣ муҳим мебошад. Яъне дар заминаи ҳамоҳангсозии ниҳодҳои бахшҳои иқтисодӣ, алалхусус, мавриди истифода қарор додани намудҳои нави корхонаҳои хурд, омили муҳими васеъшавии иқтидори иқтисодӣ ва татбиқи чорабиниҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ зарур мебошад. Ташаккул додани навовариҳо бевосита аз ба роҳ мондани таҳқиқотҳои илмӣ-техникӣ хеле таъсирбахш мебошад, ки онҳо барои рақобатпазирии субъектҳои соҳибкории хурд мақоми хоса пайдо карда метавонанд. Бинобар ин, дар мақолаи мазкур ҷиҳатҳои назариявӣ, методӣ ва амалии соҳибкории хурд , раванди сармоягузорӣ ва инноватсияҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 1 (40)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет