Central AsianResearch Index

САРМОЯГУЗОРИИ ХОРИҶӢ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ: УМУМИЯТ ВА МАХСУСИЯТ

Дар мақола нақши сармоягузории хориҷӣ дар таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ҳамчун омили муҳимтарин арзёбӣ гаштааст. Қайд карда мешавад, ки масъалаҳои рушди устувор ва танзими равандҳои марбута ба он ва инчунин, ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар маркази таваҷҷуҳи олимони хориҷӣ ва ватанӣ қарор дорад. Имрўз тамоми давлатҳои ҷаҳон барои ташаккулёбии рушди устувор барномаҳои миёнамуҳлату дарозмуҳлатро қабул карда, барои татбиқи он заминаҳои заруриро муҳайё мекунанд. Худи мафҳуми рушди устувор дар замони муосир аввалин маротиба барои истифодаи самараноки захираҳои таббиӣ дар ҷаҳон маъмул гашта буд. Истифодаи самараноки захираҳои таббиӣ бе ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар шароити кунунӣ имконнопазир мебошад. Аз ин лиҳоз, дар мақола роҳҳои ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Диққати махсус, инчунин, ба масъалаҳои таъсиси иқлими мусоиди сармоягузорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати ҳаёти шаҳрвандон, афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди ҷараёнҳои интегратсионӣ дода мешавад. Қайд карда мешавад, ки дар рушди минбаъдаи кишвар ташаккулёбии модели сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст ва аз ин лиҳоз, дар барномаҳои иқтисодии кишвар масъалаҳои ҷалби сармоягузории хориҷӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 3 (27)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет