Central AsianResearch Index

САРЧАШМАШИНОСИИ “ТАФСИРИ ҲУСАЙНӢ”-И ҲУСАЙН ВОИЗИ КОШИФӢ

Тафсирнигорӣ ба Қуръони карим дар таърихи фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон собиқаи хеле куҳан дошта, дар дарозои таърих ҳамчун равиши махсуси маърифатӣ эътироф шуда ва дар ин замина китобҳои зиёде ба вуҷуд омадаанд, ки “Тафсири Ҳусайнӣ” -и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (тав. тақрибан 1420-ваф. 1505) аз ҷумлаи онҳост. Унвони аслии ин тафсир “Мавоҳиби Алийя” буда, бештар бо номи “Тафсири Ҳусайнӣ” машҳур аст ва бо ҳамин ном дар панҷсад соли охир борҳо дастнавис ва баъд аз роиҷ шудани санъати чопи китоб чопи сангӣ шудааст. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар навиштани “Тафсири Ҳусайнӣ” аз сарчашмаҳои зиёде истифода кардааст, ки дар ин мақола ба баррасии онҳо пардохта шудааст. Сарчашмаҳо ба нуҳ гурӯҳи зерин ҷудо карда, ҳар кадом бо зикри мушаххасоту унвони онҳо номбар шудааст: Қуръон, аҳодис ва китобҳои осмонии дигар, қавл ва дидгоҳҳои чаҳорёрон, раъйи чаҳор имоми аҳли суннат ва ҷамоат, қавлҳо ва дидгоҳҳои имомон, шайхон ва дигар шахсиятҳои бузург, назари аҳли тасаввуфу ирфон, китобҳои тафсир, манобеи тасаввуфу ирфон, китобҳои адабии таълимӣ ва ахлоқӣ, манобеъ оид ба таълимоти қуръонӣ, донишҳои гуногун ва дигар мавзуъҳо. Гузашта аз манобеи мазкур, муҳимтарин сарчашма китоби “Ҷавоҳир-ут-тафсир”-и худи муаллиф аст, ки ба сурати муфассал таълиф шудааст. Дар маҷмуъ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар таълифи “Тафсири Ҳусайнӣ” ба беш аз 109 китоб ва 53 қавлу дидгоҳи соҳибназарон иноят доштааст. Ба ин рақам теъдоди умумии соҳибони ашъори истишҳодӣ ва ривоёту ахборро ҳам, ки хеле зиёд ҳастанд, мебояд зам кард. Пораҳои шеърӣ дар матни асар аксар бидуни зикри исми гӯянда, бо калимаҳои мушаххаскунандаи “назм”, “байт”, “мисраъ”, “қитъа” ва гоҳе таъкиди “дар ин боб гуфтаанд” оварда шудаанд. Гӯяндагони ашъори истишҳодӣ , ки бо ном ва ё тахаллусашон зикр шудаанд, Фахриддин Алии Сафӣ, Ҳаким Саноӣ, Саъдӣ, Шайх Фаридуддини Аттор, Рашидаддини Ватвот, Ҳаким Фирдавсӣ, Шоҳ Қосими Анвор, Ибни Ямин мебошанд. Аз Саноӣ, қабл аз нақли абёти ӯ, баъзан ба унвони Ҳакими Илоҳӣ ёд мешавад. Пеш аз нақли рубоиёти Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ аз гӯянда бо лақаби ифтихории ҳазрати Шайхулисом ва қабл аз ашъори Ҷалолиддини Балхӣ ба унвони ҳазрати Пири Румӣ ёд мешавад. Ашъори худи муфассир гоҳе бо зикри ибораи “қавли қоил” мушаххас шудааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 100, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП