САРЧАШМАҲОИ ШАРТНОМАИ ХАРИДУ ФУРӮШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛ
Сарчашмаҳои шартномаи хариду фурӯши байналмилалии мол ба таври мухтасар ба таҳқиқ гирифта шудааст. Зикр шудааст, ки сарчашмаҳои шартномаи мазкур, аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ иборат мебошад, ки муносибатҳои байни тарафҳои шартномаро бо унсури хориҷӣ ба танзим медароранд. Ба сифати сарчашмаҳои шартнома баромад мекунад: конвенсияҳо , созишномаҳо , меъёрҳои қонунгузории миллӣ , урфу одатҳо . Дар асоси омӯзиши сарчашмаҳои шартномаи хариду фурӯши байналмилалии мол ба чуни хулоса омадем, ки сарчашмаҳои шартномаи мазкур, вазъи ҳуқуқӣ ва муносибатҳои байни тарафҳои шартномаро бо унсури хориҷӣ ба танзим медароранд. Сарчашмаҳои шартномаи хариду фурӯши байналмилалии мол дар танзими муносибатҳои вобаста ба хариду фурӯши байналмилалии мол мақоми хоса дошта, дар амалияи савдои байналмилалӣ тарафҳои шартнома вобаста ба манфиатҳои хеш аз ин санадҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · Т. 96, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП