Central AsianResearch Index

САНЪАТИ БИНОКОРИЮ МЕЪМОРИИ УСТРУШАНА ДАР ИЛМИ ТАЪРИХНИГОРӢ

Мақола ба масъалаи таърихнигории санъати бинокорию меъмории яке аз вилоятҳои таърихии Мовароуннаҳр - Уструшанаи асримиёнагӣ бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки дар бораи санъати бинокорию меъмории муаллифони сарчашмаҳои хаттии асримиёнагӣ, муҳаққиқони тоинқилобӣ ва замони шӯравии рус, муаррихони ватанӣ ва хориҷӣ маълумоти фаровон додаанд. Доир ба услуби шаҳрсозию меъмории Уструшана муаллифони сарчашмаву осор истифодаи маҳсулоти меъморӣ , тарзи иншоотсозӣ, сохти биноҳои истиқоматӣ, қасру кӯшкҳои афшинҳоро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар мақола зикр мегардад, ки агар доир ба масъалаи шаҳрсозию меъмории Уструшана муаллифони сарчашмаҳои таърихии хаттӣ маълумот дода бошанд, пояи дуюмини маълумоти ин ҳунару санъати уструшаниҳоро бозёфтҳои нодири археологӣ ташкил медиҳад. Дар бораи меъморию иншоотсозии Уструшана муҳаққиқони хориҷӣ низ маълумот дода бошанд ҳам, бештари масъаларо олимони ватанӣ дар осори худ матраҳ менамоянд. Қайд мегардад, ки аз се қисми шаҳрҳои асримиёнагӣ - кӯҳандиз, шаҳристон ва работ бештар кӯҳандиз ва работ омӯхта шудааст.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4 (69)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова