САНҶИШИ ХОК ВОСИТАИ МУҲИМИ ТАКМИЛИ ИСТЕҲСОЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Тадқиқоти хок асоси рушди самараноки истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад, зеро хок омили асосии муайянкунандаи ҳосилнокии зироатҳо ва устувории агроэкосистема мебошад. Дар ин мақола ҷанбаҳои асосии тадқиқоти хокшиносӣ, аз ҷумла омӯзиши хосиятҳои физикӣ-химиявӣ ва биологии хок , инчунин таъсири онҳо ба ҳосили зироатҳои гуногун баррасӣ мешавад. Ба усулҳои таҳлили хок , аз қабили муайян кардани туршӣ, таркиби гумус, моддаҳои гизоӣ ва микроэлементҳо, инчунин тартиб додани тавсияҳо барои истифодаи хуби онҳо диққати махсус дода мешавад. Мушкилоти кунунии деҳқонон дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла таназзули хок , эрозия, ва шӯршавӣ низ баррасӣ мешаванд. Дар мақола аҳамияти ҷорӣ намудани тадбирҳои агротехникӣ, ки ба беҳтар намудани сифати замин ва барқарор намудани ҳосилхезии он нигаронида шудаанд, инчунин роли нуриҳои органикӣ ва минералй дар зиёд кардани самараи хоҷагии қишлоқ кайд карда мешавад. Дар асоси тадқиқот оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои замин барои баланд бардоштани устувории истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва муҳофизати муҳити зист тавсияҳо пешниҳод карда мешаванд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1 (44)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет