Central AsianResearch Index

САМТҲОИ МУОСИРИ ТУРИЗМИ ЭКОЛОГӢ ВА КОНСЕПСИЯҲОИ АСОСИИ ОН

Яке аз бахшҳои босуръат рушдёбандаи бизнеси сайёҳӣ туризми экологӣ ба шумор меравад ва на танҳо ба ҳифзи манзараҳои табиӣ ва захираҳои табиӣ , балки омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудуд мусоидат мекунад. Гузариши ҳамвор аз истироҳати ғайримуташаккил ба туризми экологиро метавон аз ташаббусҳои муҳиму муосир арзёбӣ кард, ки ба ҳалли мушкилоти шадиди экологӣ нигаронида шудааст, инчунин яке аз тадбирҳои таъмини идоракунии оптималии табиат мебошад. Вобаста ба ин, масъалаҳои рушди сайёҳии экологӣ яке аз самтҳои афзалиятнок дар татбиқи консепсияи рушди устувори сайёҳӣ дар асри 21 аҳамияти хоса пайдо мекунанд.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 3 (42)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет