Central AsianResearch Index

САМТҲОИ ДАСТГИРӢ ВА ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ УСТУВОРИИ ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯВИИ ХОНАВОДАҲО

Мақола ба масъалаҳои самти дастгирӣ ва танзими давлатии устувории захираҳои молиявии хонаводаҳо бахшида шудааст. Дар шароити муосир, барои ташаккул ва истифодабарии оқилонаи захираҳои молиявии хонаводаҳо бо мақсади таъмини суботи низоми иқтисодиёти миллӣ дар марҳилаи муосири рушди он ворид кардани тағйирот дар танзими давлатӣ ва бозории муносибатҳои молиявии тамоми иштирокчиёни бозор зарур аст. Вобаста ба ин, бояд тазаккур дод, ки чораҳои давлатии пешгирии ҳолатҳои буҳронӣ бояд танҳо бо зиёд кардани барномаҳои маблағгузории ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон маҳдуд нагардида, инчунин, бо андешидани тадбирҳои ҳавасмандгардонии афзоиши даромадҳои аҳолӣ дар минтақаҳои кишвар ҳамроҳ сурат гирад. Дастгирии давлатӣ ва танзими устувории молиявии хонаводаҳоро метавон тавассути омилҳое, ки ба инкишофи захираҳои молиявии хоҷагиҳои хонавода таъсир мерасонанд ва самтҳои таъсиррасонии давлатӣ ба монанди ташкили фондҳои кафолатӣ, сохтани паркҳои саноатӣ , бунёди фонди лизингӣ дар соҳаи кишоварзӣ нишон дод. Чунки ташаккул ва истифодабарии захираҳои молиявии хоҷагиҳои хонавода дар ҳамбастагӣ бо субъектҳо ва бозорҳои мухталифи иқтисодӣ, аз қабили бозори меҳнат, бозори молҳои истеъмолӣ, бозори молиявӣ, бозори хизматрасониҳои бонкӣ сурат мегирад. Дар натиҷаи таҳлилҳои илмие, ки аз тарафи муаллиф анҷом дода шуданд, хусусиятҳои самтҳои дастгирӣ ва танзими давлатии устувории захираҳои молиявии хонаводаҳо дар сатҳи хоҷагиҳои хонавода тавзеҳ дода шудаанд. Муаллиф хулоса кардааст, ки самтҳои зерини дастгирӣ ва танзими давлатии устувории захираҳои молиявии хонаводаҳо, аз қабили: таъсисдиҳии фонди кафолатнок ; ташкили фонди лизингӣ; ташкили паркҳои саноатӣ ; амалисозии барномаҳои давлатӣ бо принсипи аутсорсинг ; истифода бурдани фишангҳои танзими давлатии устувории молиявии хоҷагиҳои хонавода ва баланд бардоштани маърифати молиявӣ барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиёд кардани сатҳи шуғл ва дар натиҷаи он барои афзоиши даромади дар ихтиёри хонаводаҳобуда имкон медиҳанд.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 2 (26)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет