САЛОҲИЯТ, ҚОБИЛИЯТ ВА МАҲОРАТҲОИ КАСБИИ ОМӮЗГОР ДАР НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ
Дар мақола масъалаҳои назариявӣ ва амалии ташаккули салоҳият , қобилият ва маҳоратҳои касбии омӯзгори муассисаи таҳсилоти олӣ дар шароити муосири низоми маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ гардидааст. Муаллиф мазмуну муҳтавои мафҳумҳои салоҳият , қобилият ва маҳоратҳои касбии омӯзгори муассисаи таҳсилоти олиро дар заминаи таҳқиқоти муосири педагогӣ таҳлил намуда, сохтор ва ҷузъҳои таркибии онҳоро муайян намудааст. Мазмуну мундариҷа ва муҳтавои сохтор ва ҷузҳои мафҳумҳои салоҳият , қобилият ва маҳоратҳои касбии омӯзгори муассисаи таҳсилоти олӣ дар ҷадвалҳо шарҳу тавзеҳ дода шуда, роҳу усулҳои татбиқи онҳо дар раванди фаъолияти касбӣ баён гардидааст. Масъалаи муносибати салоҳиятнокӣ ҳамчун заминаи назариявии ислоҳоти таҳсилоти олӣ баррасӣ гардида, нақши қобилият ва маҳорати касбӣ дар самаранокии фаъолияти омӯ згор, сифати таҳсилот дар раванди таълиму тарбия ва ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат мутобиқ гардидани фаъолияти омӯзгорону мутахассисони соҳаи маориф ва илм нишон дода шудааст. Зимни таҳлилу баррасиҳо қайд гардидааст, ки дар шароити кунунии низоми таҳсилотии кишвар фаъолияти худомӯзӣ, худтакмилдиҳӣ, худназоратӣ, хударзёбӣ, эҷодӣ такмили ихтиос ва таҳсилоти муттасил омилҳои асосии рушди салоҳиятнокӣ, қобилият ва маҳоратҳои касбии омӯзгори муассисаи таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 9, № 2 (соц.-гум.)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан