Central AsianResearch Index

САФАРНОМАИ МАНСУР ВА ХУСУСИЯТИ МУНДАРИҶАВИЮ ЖАНРИИ ОН

Дар мақола масъалаи пайдоиш ва ташаккули сафарномаи мансур ва хусусияти мундариҷавию жанрии он мавриди таҳқиқ қарор гирифта, дар зимн доир ба намунаҳои ин жанр , ки дар давраҳои гуногун ба вуҷуд омадааст, маълумоти мушахас ироа гардидааст. Дар идомаи баҳс “ Сафарнома ”-и Носири Хусрав ҳамчун аввалин намунаи сафаргуфтаи мансур дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ баррасӣ шуда, мухтассоти мундариҷавӣ ва жанрии он дар фарогирӣ ва инъикоси воқеиятҳои роҳи сафар муайян карда шудааст. Муаллиф дар натиҷаи таҳқиқи муқоисавӣ собит намудааст, ки ин сафарнома ҳовии иттилооти дақиқи сиёсӣ , иҷтимоӣ , иқтисодӣ , ҷуғрофиёӣ , таърихӣ ва баёни одоту одоби мардуми манотиқи мухталифи Шарқи Наздик ва Шарқи Миёна буда, ҳадафи хоси мундариҷавию ғоявӣ ва ҳунарӣ омили аслии шаклгирии сохтори мундариҷавӣ ва жанрии он будааст. Дар мақола ҳамсозӣ ва таносуби комили мазмуну мундариҷа ҳамчун василаи таъсиргузори шаклигирии жанри асар муайян карда шудааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4 (117)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни