Central AsianResearch Index

САДРИДДИН АЙНЇ ВА ЗАРФИЯТҲОИ КАМОЛШИНОСЇ

Дар мақола бардоштҳои нав оид ба ҷойгоҳи шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар пажўҳишҳои солҳои 20-40-уми садаи ХХ, хоса дар ҷусторҳои Садриддин Айнӣ сухан рафтааст. Муаллиф кўшидааст, ки арзиши таҳқиқоти Айнӣ ва дигар муаллифонро дар «Намунаи адабиёти тоҷик», « Намунаҳои адабиёти тоҷик», мақолаҳои «Камоли Хуҷандӣ» ва дигар асарҳо оид ба таърихи тоҷикон ва адабиёти онон бозгў намояд. Аввалин маротиба бо ин мақола диққати хонандагон ва пажўҳандагон ба шакли комили асари устод С. Айнӣ «Камоли Хуҷандӣ» дар нашрияи «Стахановчӣ» ҷалб шуда ва онро муаллиф нусхаи комили маҳсули камолшиноси маъруфи тоҷик ба ҳисоб овардааст. Ҳамзамон аввалин маротиба матолиби номаҳои устод С. Айнӣ ва А. Деҳотӣ дар иртибот ба масъалаи шинохти Камоли Хуҷандӣ нисбатан васеъ ва густарда гуфтугў шудааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 3 (76)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова