Central AsianResearch Index

САБАБҲОИ ТАНАЗЗУЛ ВА СУҚУТИ ШОҲАНШОҲИИ АШКОНИЁН

Дар мақолаи мазкур оид ба масъалаи сабабҳои таназзул ва суқути шоҳаншоҳии Ашкониён сухан меравад. Муаллиф ахбори сарчашмаҳои таърихӣ ва осори илмии олимони ватанию хориҷиро баррасӣ карда, ба хулосае меояд, ки дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонӣ бо Рим пояи қудрати сиёсию низомии сулолаи Ашкониён заиф мегардад. Сабаби дувуми таназзули ин шоҳаншоҳӣ низои дохили сулолавии Ашкониён аст, ки дар натиҷаи заифшавии ҳукумати марказӣ ҳокимони вилоятҳои алоҳида аз итоат намудан ба марказ сарпечӣ мекарданд. Сабаби дигар ҷанги шаҳрвандӣ дар Чин, ки омили поёнравии тиҷорат тавассути Роҳи абрешимшуда, даромад ба хазинаи Ашкониён коҳиш ёфт ва оқибат ба суқути ҳукумати сулолаи Аршакиён оварда расонид.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2022 · № 4 (34)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА