САБАБҲОИ МУҲОҶИРАТИ ТОҶИКОН БА ЧИН ДАР АСРҲОИ ІII-XV
Муаллиф дар мақола сабабҳои гуногуни муҳоҷирати тоҷиконро ба Чин аз асрҳои III то XV дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Дар мақола аввалин муҳоҷирати тоҷикон , ки он махсусан фаъолияти тиҷоратию бозаргонӣ буд, оварда шудааст. Дар баробари ҳамкориҳои тиҷоратӣ, ҳамзамон робитаҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳунарӣ, идорӣ, тандурустӣ ва ғайраҳо, ки ба давраҳои дури таърихӣ мерасад, навишта шудааст. Инчунин дар мақола саҳми хонадони тоҷик, ба монанди: Сайид Аҷалли Бухорӣ, Ихтиёруддин, Амир Сайиди Бухорӣ, Ан-Лушан, Ифтихоруддин ва ғайраҳо ҳастанд, ки аз ҷониби императорҳои Чин барои идоракунии давлат ба вазифаҳои мудирият даъват шудаанд ва дар таъриху фарҳанги Чин саҳми бузург гузоштаанд. Муаллифи мақола чунин хулоса мебарорад, ки сабаби аслии муҳоҷирати тоҷикон ба Чин ин корҳои тиҷоратӣ ва бозаргонӣ буд, на фаъолияти миссионерӣ. Хонадони тоҷикӣ дар соҳаҳои тиҷорат , ҳунармандӣ, ҳарбӣ, сиёсӣ, идоракунӣ, робитаҳои дипломатӣ ва ғайраҳо хело ботаҷриба ва маҳорати баланд доштанд ва императорҳо мехостанд ба воситаи инҳо давлати мутамаддин барпо кунанд. Ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мардуми тоҷик бо мардуми Чин дар садаҳои гузашта самтҳои мухталиф дорад, вале қисми асосии он сиёсати хориҷии дӯстона ва сулҳҷӯёна буда, боиси муҳоҷирати теъдоди зиёди мусулмонон ба Чин гардид ва дар муносибатҳои дӯстона саҳифаи нав боз кард. Имрӯз фарҳанги Чин хеле гуногунранг аст, ки дар он таъсири аксари маданият ва фарҳанги мардуми ҳамсояи он аз ҷумла тоҷиконро мушоҳида кардан мумкин аст.
Сведения
- Журнал
- Historian
- Опубликовано
- 2022 · № 3 (31)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-7382
- Издатель
- ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА